октября 2017

Силислачорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Тибқи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо муддати ин ҳафта дар қаламрави кишвар як силсила чорабиниҳо, “мизҳои мудаввар”, мулоқотҳо, машқҳо роҳандозӣ мешаванд, ки дар болоравии сатҳи огоҳии аҳолӣ дар омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мусоидат хоҳад кард. 

Фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ба давраи шашрӯзаи омӯзишӣ ҷалб шуданд

Фармондеҳон ва муовинони қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳролатҳои фавқулодда ахиран ба як давраи омӯзишии шарӯза ҷалб шуданд.

Бо мақсади татбиқи Муоҳадаи сеҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии  офатҳои

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи фаъолияти нуҳмоҳаро ҷамъбаст намуд

Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти раёсати ҷонишини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ  ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда зарфи нуҳ моҳи гузашта баргузор шуд.

Дар ҷаласа роҳбарони ситодҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо,

Баррасии омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар семинаре бо ширкати кормандони Хоҷагии манзили шаҳри Душанбе

Дар семинари якрӯза бо ширкати кормандони Хоҷагии комуналии пойтахт вазъи омодагӣ ба офоти табиӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

3 – октябри соли 2017 барои он зумра кормандони КВД Хоҷагии коммуналӣ ва манзил, ки ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ масъуланд, семинар баргузор шуд. Семинар аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳавои номусоид муҷиби резиши санг дар роҳҳои куҳӣ мешавад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои обуҳовосанҷон 4-уми октябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад.

Шамол шиддат мегирад, дар як сония 17-22 метр мевазад, ҳавои боронӣ дар назар аст, дар баландиҳои бештар аз 250

XI-умин мусобиқоти ҷумҳуриявии бисёрҳарба барои дарёфти “Ҷоми Кумита” ба поён расид

Бо мақсади такмили омодагии наҷотдиҳандагон дар роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ, маъруфияти бисёрҳарбаи наҷотдиҳандагон чун намуди варзиш дар системаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми сентябр то 1-уми октябри соли равон

Страницы