октября 2017

Имзои Ёддошти тафоҳуми дуҷониба дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Имӯз,  12 октябр дар остонаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо, ҳамчунин дар доираи татбиқи лоиҳаи  «DIPECHO X: Таҳкими иқтидори муқобилият бо офатҳои табиӣ ва тағйири иқлим дар сатҳи ҷомеаҳои шаҳр ва деҳот дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд” Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои дуҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи Ассотсиатсияи созмони

Чорабиниҳои вижа ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Раштонзамин

Дар доираи татбиқи вазифаҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар чорабиниҳои вижа мегузаронанд ва корҳои пешгирӣ аз хатари офотро роҳандозӣ мекунанд. 

Чунончӣ, дар боғи марказии ноҳияи Лахш бо ширкати раиси

Теъдоди қурбониён дар сӯхтори ҷангали шимоли Калифорния ба 23 расид

Бино ба охирин хабарҳо шумори қурбониёни сӯхтори шадид дар шимоли иёлоти Калифорнияи ИМА ба 23 нафар расид.

Тибқи иттилои расмӣ то кунун бештар аз 100 нафар дар ин сӯхтор осебдидагон дар бемористонҳо интиқол ёфтанд ва бистарӣ шуданд.

То кунун бештар аз 500 нафар бенишон ғайб задаанд ва

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар вилояти Суғд

Бар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иттилоънокии аҳолӣ кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд дар барномаи таҳлилии “Масъалаҳои муҳим дар ҷомеа” –и радиои вилоятӣ ширкат карданд.

Рӯзи ҳушдор, рӯзи табодули таҷриба, рӯзи ёдҳо...

Дар Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо чорабиниҳо идома доранд. Қарор аст ҳафтаи ҷорӣ силсилаи “мизҳои мудаввар”, мулоқотҳо, машқҳо роҳандозӣ шаванд, ки дар болоравии сатҳи огоҳии аҳолӣ дар омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мусоидат хоҳанд

Генерал Назарзода хостори риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шуд

Генерал-лейтенант Рустам Назарзода-Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори риояи бечунучарои интизоми ҳарбиву хидматӣ дар Кумита шуд. Рустам Назарзода, ки ахиран дар ҷаласаи коллегияи Кумита оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳа дар ҳузури ҷамъе аз роҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳову сарварони Ситодҳо ва

Силислачорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Тибқи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо муддати ин ҳафта дар қаламрави кишвар як силсила чорабиниҳо, “мизҳои мудаввар”, мулоқотҳо, машқҳо роҳандозӣ мешаванд, ки дар болоравии сатҳи огоҳии аҳолӣ дар омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мусоидат хоҳад кард. 

Фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ба давраи шашрӯзаи омӯзишӣ ҷалб шуданд

Фармондеҳон ва муовинони қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳролатҳои фавқулодда ахиран ба як давраи омӯзишии шарӯза ҷалб шуданд.

Бо мақсади татбиқи Муоҳадаи сеҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии  офатҳои

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи фаъолияти нуҳмоҳаро ҷамъбаст намуд

Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти раёсати ҷонишини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ  ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда зарфи нуҳ моҳи гузашта баргузор шуд.

Дар ҷаласа роҳбарони ситодҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо,

Баррасии омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар семинаре бо ширкати кормандони Хоҷагии манзили шаҳри Душанбе

Дар семинари якрӯза бо ширкати кормандони Хоҷагии комуналии пойтахт вазъи омодагӣ ба офоти табиӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

3 – октябри соли 2017 барои он зумра кормандони КВД Хоҷагии коммуналӣ ва манзил, ки ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ масъуланд, семинар баргузор шуд. Семинар аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳавои номусоид муҷиби резиши санг дар роҳҳои куҳӣ мешавад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои обуҳовосанҷон 4-уми октябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад.

Шамол шиддат мегирад, дар як сония 17-22 метр мевазад, ҳавои боронӣ дар назар аст, дар баландиҳои бештар аз 250

Страницы